Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як коршиноси МАГАТЭ дар Теҳрон


Хабаргузории "Форс"-и Эрон иттилоъ медиҳад, ки шаби гузашта ду коршиноси Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ дар Теҳрон дучори садамаи нақлиётӣ шуданд. Ин ҳодиса дар наздикии муҷтамаи Хандоби устони Марказӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

"Форс" навиштааст, ки яке аз коршиносон бар асари ҷароҳатҳо ба ҳалокат расида, дигарӣ ҷон ба саломат бурдааст. Ба иттилои Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаии Эрон коршиноси фавтида шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ок-Сеок Сео мебошад.

Тафсилоти бештаре то ҳанӯз дастрас нашудааст.
XS
SM
MD
LG