Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои зиёрати Хонаи Худо пои пиёда аз Кӯлоб ба сафари Арабистони Саудӣ баромаданд.

Ин гурӯҳ, ки аз 8 нафар иборат аст, пас аз зиёрати мазори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб тариқи бандари Панҷи Поён ба сафар баромаданд.

Гурӯҳи мазкурро Абдулазиз Раҷабов, собиқадори соҳаи варзиш, маъруф бо тахаллуси "Ҳоҷипиёда", ки 6 сол пеш аз Русия пиёда ба Арабистони Саудӣ рафта буд, роҳбаладӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, аз сафари қаблиаш таҷриба андӯхтааст ва мехоҳад, то арафаи Иди Қурбон ин гурӯҳро ба Макка бирасонад.

Ҳоҷӣ Абдулазиз гуфт, дар сафари чанд соли пеш ба ҷуз Русия дигар дар ҳеҷ кишвари дунё ба ӯ коре надоштанд. Ӯ гуфт, "фақат дар Русия ҳангоми гузаштан аз марз ФСБ боздошт карда, 12 рӯз пурсид. Гуфтанд, ки дар ҷанги дохилӣ аз кадом тараф иштирок кардаӣ ва кӣ ҳастӣ. Гуфтам, дар ҷанг ҷонибдори ягон нафар набудам. Онҳо ҳам ба воситаҳои худ дақиқ карданд ва ҷавоб доданд. Дар ин сафар мехоҳем, ба воситаи Афғонистон равем. Хулоса, соли 2005 рафтам ва 2006 баргаштам, ки 1 солу 7 моҳро дар бар гирифт. Ҳоло мехоҳем, то Иди Қурбон ба он ҷо бирасем."

Ин гурӯҳ барои ба сафар баромадан ду сол омодагӣ дидаанд. Амриддин Исмоилов, яке аз ин ҳаҷравандагон мегӯяд, ҳадафаш аз сафар ба ҷуз иҷрои яке аз фаризаҳои илоҳӣ, инчунин беҳ гардонидани саломатиаш мебошад: "Ҳам фарзро иҷро мекунем, ҳам тамошо мешавад ва ҳам саломатиамро месанҷам. Ман 60-сола шудам ва мехоҳам аз пиёда ҳаракат кардан манфиати бештар бинам."

Абдураҳим Мадиев, яке аз ҳамроҳони ин гурӯҳ, ки 65 сол дорад, мегӯяд, солҳо орзуи зиёрати Хонаи Худоро дошт, вале имконоти молӣ даст намедод. Ӯ мегӯяд, чун пиёда рафтан харҷи каму савоби бештар дорад, ба ин сафар розӣ шудааст: "Ҳарчанд, мушкилҳо дар пешанд, аммо бовар дорам, Худо ҳамаи мушкилоти моро осон хоҳад кард. Худо розӣ бошад, ба орзуҳоям хоҳам расид."

Дар ҳамин ҳол, Зайниддин Давлатов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар омода намудани ҳуҷҷатҳои ин гурӯҳ ҳамчун сайёҳ кӯмак расонидааст. Ба гуфтаи Давлатов, сафари онҳо, ки хеле камхарҷ сурат мегирад, ба Қонун дар бораи танзими расму оинҳо мувофиқ аст.

Сафари ин гурӯҳ дар Афғонистон бо зиёрати оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки ба қавли онҳо шаҳидони роҳи Ислому озодиянд, идома хоҳад кард. Кӯчактарин аъзои ин гурӯҳ 21 сол ва бузургсолаш 75 сол дорад. Хатти сафари ин гурӯҳ аз қаламрави Афғонистон, Покистон, Эрон, Ироқ ва Арабистони Саудӣ кашида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG