Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як корманди милиса аз зарбаи барқ


Имрӯз аз зарбаи барқ як корманди раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории “Азия-плюс” навиштааст, ки ин ҳодиса субҳ ҳангоми сафороии кормандони милиса дар ҳавлии раёсати вилоятӣ рӯх додааст.

Гуфта мешавад, ки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ як кран вориди ҳавлии раёсат шуд ва тасодуфан ба хатти интиқоли барқ бархӯрд. Ноқили барқ канда шуда, болои кормандони милиса афтод.

Бар асари зарбаи барқ майор Кенҷа Нуруллоев ба ҳалокат расид, ду корманди дигари милиса бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд.
XS
SM
MD
LG