Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ва Ҳолланд хостори ваҳдати миллӣ шуданд


Раисиҷумҳури феълии Фаронса Николя Саркозӣ ва барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ Франсуа Ҳолланд ҳамроҳ дар тантанаҳо бахшида ба хатми ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар Аврупо ширкат доштанд.

Дар маркази Порис паради низомӣ баргузор шуд. Баъд аз он Саркозӣ ва Ҳолланд ҳамроҳ болои қабри Сарбози номаълум гулчамбар гузошта, бо собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳон мулоқот карданд. Миёни собиқадорон Филипп де Голи 90-сола, писари генерал Шарл де Гол, раҳбари Муқовимат дар Фаронса ва баъдан – раисиҷумҳури Фаронса низ буд.

Саркозӣ ва Ҳолланд аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки ваҳдати миллиро ҳифз кунанд.

Франсуа Ҳолланд рӯзи 15 май ба ифои вазифа дар мақоми раисиҷумҳури Фаронса шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG