Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то 5 соли дигар мизони камбизоатӣ дар вилояти Хатлонро нӯҳ дарсад пойин хоҳад бурд.

Ҳукумати Амрико ин иқдоми худро тариқи барномаи "Озуқаворӣ ба хотири оянда" ва тавассути Оҷонси Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байнулмилалӣ ё USAID пиёда карданист.

Барномаи мазкур, ки ахиран дар Душанбе муаррифӣ шуд, 65 миллион доллар ҳазина дошта, барои баланд бардоштан ва устувор намудани даромади беш аз 250 ҳазор нафар сокини 12 ноҳияи вилояти Хатлон равона шудааст.

Кен Гросс, сафири Амрико дар Душанбе, гуфт, Тоҷикистон аз зумраи 20 кишвари ҷаҳон аст, ки Иёлоти Муттаҳида барои таъмини амнияти ғизоӣ маблағгузорӣ мекунад. "Барномаи нав метавонад барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани вазъи беҳдоштиву дастарсии аҳолӣ ба ғизои солим дар кишвар мусоидат кунад",-гуфт ӯ.

Ҷаноби Гросс илова кард, "албатта, ин тарҳ барои густариши муносиботи Амрикову Тоҷикистон саҳми худро мегузорад, аммо ҳадафи аслии он пеш аз ҳама беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар аст. Мо мехоҳем тариқи барномаи "Озуқаворӣ ба хотири оянда" бо роҳи беҳтар кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва боло бурдани сифати ғизо дар вилоят ба кам кардани фақр дар Хатлон даст ёбем."



Дар ҳамин ҳол, Эрин Элизабет, раҳбари минтақавии барномаи USAID дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, мизони фақр дар Хатлон 50 дарсадро ташкил мекунад ва сӯитағзияи рушди ҷисмонии атфоли то 5-сола 30 фоиз аст. Дар баробари ин, аз ҷиҳати парвариши меваву сабзиҷот ин вилоят дар Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Яъне, ба таъкиди хонум Эрин агар аз як сӯ ниёзи мардуми минтақаи мазкур ба чунин лоиҳа бештар бошад, аз ҷониби дигар маҳз ҳамин вилоят иқтидори хуби рушди кишоварзиро дорад.

Муродалӣ Алимардон

Муродалӣ Алимардон

Бояд гуфт, барномаи "Озуқаворӣ ба хотири оянда" дар ҳоле,пиёда мешавад, ки беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистон дар ҳолати фақр ба сар мебаранд. Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазири Тоҷикистон, бо ишора ба аҳамияти барномаи мазкур мегӯяд, минбаъд ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо созмонҳои хориҷӣ маблағгузории дарозмуддтаро маҳз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ равона хоҳад кард. Ҷаноби Алимардон гуфт, "ҳукумати кишвар бо ҳамдастии шарикони худ ва қабл аз ҳама бо USAID, ки ин сиёсатро пеш мебарад, ҳамкорӣ намуда, ба зиёд намудани истеҳсоли озуқаворӣ дар дохили Тоҷикистон кӯшиш мекунад. Чун 70 дарсади мардум дар деҳот ба сар мебаранд, роҳандозии ин барнома хеле муҳим аст."

Сабоҳатулло Музаффаров, мутахассиси барномаи USAID оид ба рушди кишоварзӣ мегӯяд, тарҳи мазкур метавонад дар он сурат муваффақ шавад, ки "дар ин барнома технологияҳои ҷадид, маводе, ки барои соҳаи кишоварзӣ заруранд, яъне тухмиҳои хушсифат, нуриҳои мениралии комплексӣ самаранок истифода шаванд."

Гуфтанист, то кунун ҳукумати Иёлоти Муттаҳида барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёдеро амалӣ кардааст. Дар маҷмӯъ, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, сар аз соли 1992-юм барои рушди соҳаҳои мухталиф ҳудуди 984 миллион доллар ихтисос додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG