Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Ялта мавқуф гузошта шуд


Ҷонибдорони Тимошенко дар шаҳри Харков
Ҷонибдорони Тимошенко дар шаҳри Харков
Нишасти сарони кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ, ки бодя рӯзҳои 11 ва 12 май дар шаҳри Ялтаи Украина баргузор мешуд, ба вақти номаълум мавқуф гузошта шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина Александр Дикусаров гуфт, ин тасмим марбут ба он аст, ки сарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ имкони ширкат дар нишастро надоранд.

Сарони панҷ кишвари аврупоӣ – Австрия, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Италия ва Словения бино ба нигарониҳояшон аз шароити нигаҳдории нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко дар маҳбаси шаҳри Харков аз иштирок дар нишасти Ялта сарпечӣ карданд.

20 апрел Тимошенкоро аз роҳи зӯрӣ ба яке аз бемористонҳои шаҳри Харков оварданд ва ӯ баъдан изҳор намуд, ки мавриди лату кӯб қарор дошт. Як рӯз пеш Юлия Тимошенко барои муолиҷа дар яке аз бемористонҳои шаҳр розӣ шуд. Ва аммо имрӯз ӯ тасмими худро тағйир дод ва аз табобат сарпечӣ кард.
XS
SM
MD
LG