Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интерпол дастури боздошти Ҳошимиро содир кард


Тариқ Ҳошимӣ

Тариқ Ҳошимӣ

Созмони байнулмилалии полис –Интерпол бо дархости мақомоти Бағдод дастури боздошти муовини раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимиро бо иттиҳоми “мусоидат ба терроризм ва сармоягузории он” содир кард.

Бар пояи ин дастур, Ҳошимиро дар ҳар яке аз 190 кишвари узви Интерпол метавонанд дастгир кунанд.

Тариқ Ҳошимӣ, яке аз раҳбарони сиёсии сунниҳои Ироқ, айни ҳол дар Туркия ба сар мебарад. Ӯ иттиҳоми мақомоти Ироқ барои ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ барои суиқасд ба ҷони раҳбарони феълии кишварро рад мекунад ва онро “дорои ангезаи сиёсӣ” мехонад.
XS
SM
MD
LG