Ҷиноҳи Ҳизби коммунист дар Думаи давлатии Русия аз пуштибонии номзадии Дмитрий Медведев ба мақоми нахуствазири ояндаи кишвар сарпечӣ кард. Дар машваратҳо бо Дмитрий Медведев онҳо гуфтанд, ки сиёсати феълии иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварро қабул надоранд. Ҳамзамон Ҳизби коммунист эълом дошт, ки ҳамкорӣ бо ҳукумати навро байид намедонад.
Имрӯз номзад ба мақоми нахуствазирӣ бо вакилони ҷиноҳи Ҳизби "Русияи боадолат" дар Думаи давлатӣ ҳам дидору гуфтугӯ мекунад. Ин ҳизб низ қаблан эълом дошт, ки алайҳи номзадии Медведев раъй хоҳад дод.
Дирӯз вакилон аз Ҳизби "Русияи воҳид" ва Ҳизби либерал-демократии Русия эълом доштанд, ки аз номзадии раисиҷумҳури пешин дар мақоми нахуствазирӣ ҷонибдорӣ хоҳанд кард.
Раисиҷумҳур Владимир Путин номзадии Дмитрий Медведев ба мақоми раиси ҳукуматро дирӯз баъд аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ пешбарӣ карда буд.
Дар нимаи дуввуми рӯз дар Думаи давлатӣ раъйдиҳӣ ба номзад ба мақоми нахуствазири Русия баргузор мешавад.