Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлил аз 67-умин солрӯзи пирӯзии Шӯравӣ бар Олмон субҳи рӯзи 8-уми май дар маркази шаҳри Хуҷанд бо гузашти низомӣ (парад) ва гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт.

Дар ин маросим танҳо ҳудуди 50 нафар аз 478 иштирокдори ҷанги дувуми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҳозир шуданд. Яке аз иштирокдорони ин ҷанг Муҳаммадлатиф Шарифов, ки 105 сол дорад, натавонист ба маросими таҷлил аз рӯзи Ғалаба биёяд.

Аммо бархе ҳамсафони вай, ки дар ин маросим иштирок доштанд, ба солхӯрдагии худ нигоҳ накарда бардаму рӯҳбаланд ба назар мерасиданд. Яке аз онҳо Болтухон Атоев аст, ки 93 сол дорад, аммо то ҳол аз кори табибӣ дар бемористон даст накашидааст.

Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "панҷ сол барои Ватан ҷанг кардем. Соли 1941 ба ҷанг рафта, дар муҳорибаи Сталинград иштирок кардам. Баъд то Берлин рафта, рӯзи ғалабаро ҳамон ҷо ҷашн гирифтем. Бо ордену медалҳои зиёд ба Тоҷикистон баргаштам." Болтухон Атоеви 93-сола 8 фарзанду беш аз 50 набераву абера дорад.

Дар маросими таҷлил аз ҷашни Ғалаба даҳҳо сокини оддӣ, ҷавонон ва донишҷӯёну мактабхонҳо ҳам иштирок доштанд. Мӯҳсин ном донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуфт, "орзу дорам, ҷанг нашавад. Мо, ки донишҷӯ ҳастем, илм омӯзему касбу кор ёд гирем ва ба Тоҷикистони азизамон хидмат кунем. Аммо агар Худо нахоста ба амнияти Ватанамон хатаре таҳдид кунад, омодаем либоси ҳарбӣ дар бар намуда, Ватан ва халқи азизамонро ҳимоя кунем."



Ҷавонтарин иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз вилояти Суғд 87 сол доранд. Аз соли гузашта то ҳол шумораи онҳо аз 551 то 478 нафар кам шудааст. Ҳамчунин дар вилояти Суғд 19 нафар ҳамсарони дар ҷанги 1941-1945 шавҳарони худро аз даст дода, беш аз 1 400 ветеран ва коргарони ақибгоҳи фронт зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар арафаи рӯзи ғалаба ба иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 600 сомонӣ ва ҳукумати вилоят 250 сомонӣ (ба ветеранҳо ва коргарони ақибгоҳ – 200 ва 150 сомонӣ) ёрии якдафъаина тақдим карданд.

Дар арафа ва рӯзи Ғалаба мақомот ба дидорбинии бархе аз иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар бистари бознишастагиву беморианд, рафта ва тӯҳфаҳо ҳадя мебаранд. Қарор аст, рӯзи 9-уми май ҷашни бузурги Ғалаба дар шаҳри Душанбе ва ба дунболи он дар шаҳру навоҳии кишвар таҷлил гардад. Бино ба хабарҳо дар ин ҷашн раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG