Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дар интизори натоиҷи интихоботи парлумонӣ


Дар Сурия ҳисобу китоби раъйҳо дар интихоботи парлумонии рӯзи душанбе идома дорад. Мақомот мегӯянд, ки теъдоди бузурги афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омадаанд ва аммо арқоми дақиқаро нашр накардаанд.

Бори аввал дар чанд даҳсолаи ахир интихоботи парлумонӣ дар Сурия дар шароити бисёрҳизбӣ баргузор шуд.

Мухолифин, ки истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб доранд, ин маъракаи сиёсиро таҳрим карданд ва онро “тақаллубу таҳқири демократия” хонданд.

ИМА низ баргузории интихобот дар пасманзари идомаи хушунат дар Сурияро танқид кард ва онро “хандаовар” номид.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, субҳи рӯзи сешанбе бар асари даргириҳои нав миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дар вилоятҳои Ҳумс ва Идлию дасти кам се нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG