Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати Starwood Hotels & Resorts Worldwide Inc. тасмим гирифтааст, ки тайи панҷ соли оянда дар чанд кишвар, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, меҳмонсарои Sheraton бунёд кунад.

Ахиран ин ширкат тарҳи бунёди даҳ ҳотели навро, ки аз ҷумла, чаҳор меҳмонсаро дар Дубай ва ҳамчунин дар Шарҷа, Тоҷикистон, Алҷазоир ва Ироқро тасдиқ кард.

Дар маъмӯъ тайи панҷ соли оянда Starwood Hotels & Resorts Worldwide Inc дар кишварҳои гуногуни олам 40 меҳмонсарои нав месозад.

Масъулини ширкат мегӯянд, ки бештари меҳмонсароҳо дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна бунёд хоҳанд шуд. Бар пояи пешгӯиҳои онҳо, теъдоди сайёҳон дар ин манотиқ то соли 2030 аз 80 миллиони феълӣ то 195 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG