Пайвандҳои дастрасӣ

Санторум аз Митт Ромнӣ пуштибонӣ кард


Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ

Рик Санторум, довталаби собиқ барои номзадии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии ИМА, аз рақиби пешинаш Митт Ромнӣ ҷонибдорӣ кард. Дар як номаи электронӣ ӯ гуфтааст, ки бо ҳадафи аслии Ромӣ – шикаст додани Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ мувофиқ аст. Барои расидан ба ҳадаф, ба гуфтаи Санторум, бояд ҳама ҷумҳурихоҳон аз номзади ягонаи ҳизбӣ пуштибонӣ кунанд.

Рик Санторум, сенатори собиқи аёлати Пенсилвания, моҳи апрел аз сабқат берун шуда буд. Ӯ дар праймеризҳо дар чанд аёлати муҳим пирӯз шуд ва аммо аз Ромнӣ ақиб монд.

Санторум дар яке аз суханрониҳояш Ромниро “заъифтарин номзади ҷумҳурихоҳон барои мубориза бо Обама” номида буд.

Интихоботи президентии ИМА моҳи ноябри соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG