Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: Покистон набояд ба террористҳо панаҳгоҳ диҳад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз Покистон даъват кард, ки бо ифротгарҳои мусаллаҳи мустақар дар шимолу ғарби кишвар фаъолтар мубориза барад. Дар нишасти хабарӣ дар Деҳлӣ, қабл аз парвоз аз Ҳиндустон, ӯ афзуд, Покистон набояд ба террористон иҷоза диҳад, ки қаламрави кишварро чун панаҳгоҳ ва пойгоҳ истифода кунанд.

Аз ин пеш хонум Клинтон гуфта буд, бар пояи хабарҳо, раҳбари феълии “Ал-Қоида” Аймон ал-Завоҳирӣ дар Покистон ба сар мебарад.

Имрӯз ҳамчунин хабар расид, ки сафири ИМА дар Покистон Камерон Мунтер то охири сол ба истеъфо меравад. Ва аммо дар Вошингтон мегӯянд, ки ин тасмим бо бад шудани равобити миёни Амрико ва Покистон дар моҳҳои ахир рабте надорад.
XS
SM
MD
LG