Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин бо имзои фармоне ба Вошингтон паём дод


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин бо имзои як фармон гуфт, Русия таҳаммули дахолати Амрико дар умури дохилии ин кишварро надорад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нахустин фармони худро имзо кард, ки дар он омадааст, Маскав мехоҳад бо Вашингтон муносибати наздик дошта бошад, вале ҳеҷ гоҳ таҳаммули дахолати Амрико ба умури дохилии Русияро надорад.

Ин фармонро Путин рӯзи 7-уми май, баъд аз чанд соати ёд кардани савгандаш, имзо кард. Дар ин санад гуфта мешавад, Маскав аз сипари дифои зиддимушакии паймони НАТО ба раҳбарии Амрико “замонати ҷиддӣ” мехоҳад, ки ин сипар Русияро ҳадаф қарор намедиҳад.

Путин дар фармони худ мегӯяд, ҳадаф ҳамкории миёни Маскаву Вошингтон дар “сатҳи воқеан стратегӣ” мебошад, вале муносибот бояд бар пояи усули баробариву эҳтироми якдигар пайрезӣ шавад. Ин фармон дар остонаи мулоқоти раҳбарони 8 кишвари бузурги саноатии ҷаҳон ё G-8 ва раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Вашингтон паёме ба Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ба шумор меояд.

Вашингтон исрор меварзад, ки ин сипари дифои зиддимушакӣ бар зидди таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби кишварҳои саркаш нигаронида шудааст. Вале Русия мегӯяд, ин сипар дар соли 2018-ум тавони баргардонидани мушакҳои Русияро пайдо хоҳад кард.

Николай Макаров, раиси ситоди артиши Русия 3-юми май бори дигар ҳушдор дод, ки кишвараш барои муқобила бо сипари дифои зиддимушакии Аврупо маркази партоби мушакҳои кӯтоҳбурди худро дар Калининград фаъол мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, агар сохтмони сипари дифои зиддимушакии Аврупо он гуна ки ба нақша гирифта шудааст, идома ёбад, мумкин аст Русия ба ин системаи зиддимушакӣ зарба занад.

Аммо Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ба ин ҳарфҳо посух дод ва гуфт, ин сипар тавозуни стратегии кишварҳоро халалдор нахоҳад кард: “Сабабе барои тадобири низомии ҷавобӣ ба дифои мушакӣ вуҷуд надорад ва он ба тавозуни стратегии миёни Амрико ва Русия таъсир нахоҳад дошт. Ин як иқдоми боздоранда барои онҳоест, ки ин масъаларо дунбол мекунанд. Мо чандин сол тавзеҳ додаем, ки майле, хоҳише ё тавоноие дар назар нест, ки нақшаҳои стратегии Русияро ба ҳам бизанем.”

Дар фармон ҳамчунин гуфта мешавад, Русия мухолифи ҳар гуна таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар зидди тоҷирон ё шахсиятҳои алоҳидаи Русия аст. Пештар Русия ҳушдор дода буд, ки чунин таҳримҳо ба муносиботи дуҷониба асар хоҳад гузошт. Дар ин амри Путин дидгоҳҳои ояндаи Русия роҷеъ ба масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна, ҳалли мубоҳисот перомуни моварои Денестр ва амсоли он оварда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG