Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори шаҳрвандон аҳдномаро зери хатар мебарад


 Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон фармондеҳи НАТО дар Афғонистон ва сафири Амрико дар Афғонистонро ба дафтари худ эҳзор кард ва ҳушдор дод, ки куштори шаҳрвандони ғайринизомӣ дар амалиёти низомӣ ба аҳдномаи миёни Афғонистону Амрико таҳдид мекунад. Дар яэъломияе, ки дафтари Ҳомид Карзай ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки 5 май дар амалиёти ҳавоии нируҳои НАТО дар вилоятҳои Бодғису Кописо ва Ҳилманд даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Карзай гуфт, агар афғонҳо худро амн эҳсос накунанд, аҳдномае, ки ҳафтаи гузашта вай ва Барак Обама имзо карда буданд, маънии худро аз даст медиҳад. Ҷон Аллен-фармондеҳи нируҳои НАТО дар Афғонистон дар мулоқот бо Карзай қавл додааст, ки ба ҳодисаҳои куштори шаҳрвандон расидагии комил сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG