Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CIA мегӯяд, аз талоши инфиҷори ҳавопаймо пешгирӣ кардаанд


Дарфтари марказии кашфи Амрико таъйид кард, ки ахиран аз як ҳамлаи гурӯҳи ал Қоидаи Яман пешгирӣ кардааст. Ин гурӯҳ инфиҷори ҳавопаймоеро ба нақша гирифта будааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, бам дар зери либосҳо дар бадани бамгузорон баста шуда будааст ва онҳо мехостаанд ба шевае, ки бояд 25 декабри соли 2009 Умар Форуқ Абдулмуталиб-шаҳрванди Нигерия бар фарози Детройт ҳавопайморо мунфаҷир месохт, анҷом диҳанд.

Кормандони кашф мегӯянд, ки бо ин гуна дасгоҳи мунфаҷира ошно мебошанд ва афроди ал Қоида онро борҳо дар ҳамлаҳои террористии худ дар кишварҳои арабӣ истифода кардаанд. Кейтлин Ҳейден-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, роҷеъ ба ин сӯиқасд ба Обама гузориш дода буданд ва вайро мутмаин сохта буданд, ки ин таҷҳизоти тарканда ба мардум хатаре надорад.
XS
SM
MD
LG