Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи ҷашни Ғалаба ба иштирокчиён кӯмак мекунанд


Ҳар сол як бор дар остонаи 9 Май, Рӯзи Ғалаба ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе ба баҳодурони ҷанг кӯмак мекунанд. Валиҷон Сайёрабеков-муовини раиси Шӯрои баҳодурони ҷанг ба матбуот гуфтааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон 1 715 баҳодури ҷанг боқӣ мондаанд. Кӯмак хона ба хона бурда ба онҳо тақдим мешавад. Ин кӯмак аз 600 сомонӣ иборат аст. Маълулони ҷанги Афғонистон 400 сомонӣ мегиранд. Ҳоло ҷавонтарин иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон 85 сол дорад. Дар давоми соли гузашта 935 нафари онҳо даргузаштаанд. Соле пеш шумораи онҳо 2 ҳазору 650 нафар буд.
Имсол онҳо 67-ӯмин солгарди пирӯзӣ бар фашизмро ҷанш мегиранд.
XS
SM
MD
LG