Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақшаи роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот таҳия мешавад


Баъд аз се моҳ маълумоти фанниву иқтисодӣ дар бораи роҳи оҳани миёни Қошғар-Ҳирот таҳия хоҳад шуд. Дар ин бора Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Алӣ Некзод-вазири роҳу таробарии Эрон дар Теҳрон бо ҳам ба тавофуқ расидаанд. Ба роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот Чину Қирғизистон, Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дохил мешаванд.
Ширкати “Метро”-и Эрон нақшаи фанниву иқтисодии ин роҳро таҳия хоҳад кард. Ҷониби Эрон барои иҷрои ин корҳо як миллион доллар кӯмаки билоиваз дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Қаблан Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷониби Эрон таҳияи ин нақшаро ба дарозо мекашад ва баҳона мекунад, ки ба нақшаҳои вижаи геодезӣ, ки маҳрам дониста мешавад, дастрасӣ надорад.

Ин роҳ 392 километрро ташкид медиҳад. Барои сохтмони ҳар як километри он аз 8 то 10 миллион доллар зарур аст. Ба ин роҳ 16 километр туннеел ва 47 пул низ дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG