Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Дума номзадии Медведевро баррасӣ мекунад


Дмитрий Медведев-номзад ба мақоми нахуствазирии Русия

Дмитрий Медведев-номзад ба мақоми нахуствазирии Русия

Имрӯз дар Русия иҷлосияи ғайринавбатии Думаи Давлатии ин кишвар баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар он номзадии Дмитрий Медведев дар мақоми нахуствазирии Руси баррасӣ шавад.

Дирӯз Владимир Путин-раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия Дмитрий Медведевро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Путин дар Кохи Кремл баъд аз ёд кардани савганди вафодорӣ ба унвони раиси ҷумҳур билофосила дар ҳамин маросим номзадии Медведевро дар мақоми нахуствазирӣ барои тасвиб ба Думаи Давлатӣ пешниҳод кард.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Путин қавл дода буд, ки Медведев нахуствазири ояндаи Русия хоҳад буд. Дирӯз Виктор Зубков-иҷрокунандаи мақоми нахуствахзири Русия аризаи истеъфои худро ба Владимир Путин пешниҳод кард. Вазирони дигар низ чунин карданд. Вале то ташкили кобинаи нав онҳо дар мақоми худ боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG