Пайвандҳои дастрасӣ

Обама барои ҳамкорӣ ба Саркозӣ изҳори сипос кард


Барак Обама

Барак Обама

Кохи Сафеди Амрико гуфт, президент Барак Обама бо Никола Саркозӣ телефонӣ тамос гирифт ва “ба вай барои фаъолияти қаввии раҳбариаш, барои дӯстӣ ва ҳамкориаш дар давраи ҳассос изҳори сипос кард”. Дар эъломияе Кохи Сафед мегӯяд, Обама “барои ҳамкориҳои судманд, ки аз моҳи январи соли 2009 бозгӯи муносиботи миёни ду раҳбар будааст, эҳтиромоти худро тақдим кард”.

Аз соли 1981 ба ин сӯ дар Фаронса Никола Саркозӣ нахустин раиси ҷумҳури сари кор аст, ки барои интихоби дубора шикаст хӯрд. Намояндаи сотсиалистҳо Франсуа Олланд дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи якшанбе бар Никола Саркозӣ пирӯз шуд. Обама ҳамчунин ба Карла Брунӣ-хонуми Саркозӣ дар зиндагшии ояндаашон хушбахтӣ хост.
XS
SM
MD
LG