Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҷа Обигарм" ва дигар осоишгоҳҳо аз нав давлатӣ шуданд


Осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм» ахиран бо даъвои Додситонии кул, ба хотири таҷдиди умури идории осоишгоҳҳо аз тарафи Догоҳи олии иқтисодии кишвар ба баҳс кашида шуд.

Як намояндаи Федератсиюни иттифоқи касаба, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ки бо қарори Додгоҳи олии иқтисодии кишвар, осоишгоҳи "Обигарм", "Турбазаи Варзоб» ва «Зумрад» аз ихтиёри Иттифоқҳои касаба хориҷ карда шуда ба шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ба Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории кишвар дода шуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Муродалӣ Солиев мегӯяд, сарфи назар аз он, ки ҳоло осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" дар ихтиёри кадом ниҳод аст, вале муҳим ин аст, ки шароити мусоид барои қабули меҳмонҳо дошта бошад: «Бале Хоҷа Обигарм ба ихтиёри ҳукумати кишвар гузашт ва умедворам шароиту талабот беҳтар мешавад кор беҳбуд хоҳад ёфт.»

Баъзе аз ҳамсӯҳбатони ман аз Федератсиюни иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ мегӯянд, ки сарфи назар аз қонушиканиҳо дар ҷараёни баҳси додгоҳӣ, тасмими мазкур, яъне аз ихтиёри иттифоқҳои касаба баргирифтани осоишгоҳҳо то андозае асос ҳам дошт. Зеро пас аз даврони ҷанги дохилӣ ин осоишгоҳҳо чандон мавриди таъмиру тармим қарор намегирифтанд ва мизони омадурафти меҳмонон низ кам буд ва хизматрасонӣ низ ба андозаи кофӣ набуд.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди даъвои пешниҳодии Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ дар мавриди тағйири сохтори осоишгоҳҳо, ба Додситонии кул ин даъво дар авоили моҳи апрели соли равон ба Додгоҳи олии иқтисодӣ пешниҳод гардид.

Тақрибан аз даврони нооромиҳо то соли 2011, Чеҳрагул Қосимова, хоҳари генерали маъруф Сӯҳроб Қосимов, масъулияти ин осоишгоҳҳоро бар дӯш дошт. Дар охирҳои соли гузашта ҳайати ходимони ин осоишгоҳ бо сарварии Чеҳрагул Қосимова иваз карда шуд ва ба ҷои он гурӯҳи дигар таҳти сарварии Сулаймон Давлатов ба фаъолият пардохт.

Сулаймон Давлатов, раиси кунунии осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм" мегӯяд, сабаби аслии давлатӣ кардани осоишгоҳҳо, аз ҷумла осоишгоҳи "Хоҷа Обигарм", маҳз ҳамин аст: «Фақат барои беҳбуди корҳо анҷом мегиранд, охир инҷо ба як вайрона табдил шуда буд. Ҳоло утоқҳо, биноҳо шакли табобату дигар ҳам замонавӣ шуда истодааст. Мо қимати истироҳатро зиёд накардаем. Аз моҳи январи соли равон ҳукумат нархи осоишгоҳҳоро гарон карда буд.»

Агар дар гузашта дарёфти роҳхати ин осоишгоҳ дар аксари идораҳо имконпазир буд, ҳоло ин коғазро метавон дар бинои худи "Хоҷа Обигарм" ва ё дар идораи он дар Душанбе дарёфт кард. Дар як вақт ин осоишгоҳ тавони фаро гирифтани 519 нафарро дорад. «Хоҷа Обигарм» чаҳор фасли сол фаъол буда, феълан дар сол ҳудуди 15 ҳазор нафар имкони истироҳатро доранд.

Дар соли 2011 ин осоишгоҳ ҳудуди чаҳор миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид кардааст. Ин осоишгоҳ бо оби минеролии «радонӣ» ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG