Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дастаи фаластиниҳоро шикаст дод


Имрӯз, 7-уми май, дар даври дувуми сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2012 дар гурӯҳи "С” тимҳои “Ал-Аммарӣ”-и Фаластин ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон рақобат карданд.

Бозии қаҳрамонҳои дукаратаи Фаластину Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 7 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 поён ёфт. Голро дар дақиқаи 75-ум Давронҷон Эргашев ба самар расонд.

Ду даста - «Истиқлол» ва “Ал-Аммарӣ” се имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷои аввал ва “Ал-Аммарӣ” дар ҷои дувум қарор доранд. “Балкан”-и Туркманистон, ки дар нахустин бозиаш аз фаластиниҳо бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси АФК роҳ меёбанд. Ҳар се даста барои ду роҳхат талош доранд ва тақдири роҳхатҳо дар сабқати охирин рӯзи 9-уми май дар бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Балкан” ҳал хоҳад шуд.

Никола Кавазович
Никола Кавазович
Роид Юсуф Ҷумъа Асаф, сармураббии тими «Ал-Аммарӣ», дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “тими «Истиқлол» аз ҷиҳати техникӣ бартарӣ дошт, зеро дар ҳайати ин даста бозигарони баланддараҷа ҳунаронамоӣ мекунанд. Мо бештар ба хатти дифоъ таваҷҷӯҳ кардем. Он чизро бояд таъкид сохт, ки мураббиёни “Истиқлол”, ки аз даври аввал озод буданд, бозии моро бо “Балкан” тамошо карда, услуби бозии моро омухтанд, вале мо чунин имконият надоштем. Росташро мегӯям, мо ҳарос доштем, ки голи бисёр мехӯрем, ва аммо бачаҳои мо муқобили ҳарифи пурқувват истодагарӣ карданд ва кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Мо бо ҳисоби 0:1 бозиро бохтем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо шонси ба сабқати ниҳоӣ баромаданро аз даст додем. Мо умедворем, ки “Истиқлол” бар тими “Балкан” пирӯз мешавад, мо ва қаҳрамони Тҷҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирем. Ман шунидам, ки сармураббии “Балкан” таманно кардааст, ки “мо аз “Истиқлол” бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрем. Ман низ ба сармураббии “Балкан” гуфтаниям, ки мехоҳам “Балкан” рӯзи 9-уми май аз тими “Истиқлорл” бо ҳисоби гуфтаи ӯ шикаст хӯрад.”

Никола Кавазович, сармураббии тими «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, “мо имрӯз ғалабаи муҳим ба даст овардем. Дар нимаи аввали дидор мо се вазъияти хуби голзанӣ доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Рақиби мо дар нимаи аввал хуб бозӣ кард. Бо «Ал-Аммарӣ» бачҳои мо ҳамон хеле ки маслиҳат карда будем, бозӣ карданд. Ба назари ман бозигарони мо дар сатҳи зарурӣ бозӣ карданд. Ман аз бозиашон ва натиҷаи бозӣ қаноатмандам. Мо аз ин пирӯзӣ аз худ нарафтаем ва дар бозии охирин рӯзи 9-уми май бо тими “Балкан” танҳо барои ғалаба кӯшиш хоҳем кард.”

Баъд аз анҷоми ин сабқат бозии лотерея баргузор шуд. Се мухлиси ин сабқат, ки бо даҳ сомонӣ билети тамошои бозиро харида буданд, соҳиби телевизори LG –плазмавӣ, скутер ё дучарха ва мошини сабукрави ВАЗ-21014 гардиданд. Бурди олӣ, яъне мошини сабукрав, насиби Абдураҳим Султонови 23-сола, сокини шаҳри Душанбе, гардид.

Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)


«Балкан» (Туркманистон) – «Ал-Амарӣ» (Фаластин) – 1:2

Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)


«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 0:1

Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)


"Истиқлол" (Тоҷикистон) - "Балкан" (Туркманистон). Оғози бозӣ соати 16:00.

Ба «Истиқлол» барои ба даст овардани роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, бозиро бо “Балкан” ҳадди ақал мусовӣ кардан кофист. Вале ба футболбозони туркман танҳо пирӯзӣ зарур аст.

Бозиҳои гурӯҳи «B” бо ширкати чаҳор даста ҷараён доранд.
Дар нахустин даври мусобиқа дастаи "Фном Пенҳ Кровн" (Камбоҷа) бар тими "Едзин" (Бутан) бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд. Тими «Дордой» (Қирғизистон) дастаи "Непал полис клаб" (Непал)-ро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.

Натоиҷи бозиҳои даври дувум, ки 7-уми май баргузор шуданд, чунин аст: "Едзин" - “Дордой” - 2:11, “Непал Полис Клаб” - “Фном Пенҳ Кровн” - 0:1.

Дар даври севум рӯзи 9-уми май футболбозони Непал бо Бутан ва Камбоҷа бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Вале сарфи назар аз натоиҷи ин бозиҳо дастаҳои “Дордой “ ва “Фном Пенҳ Кровн”, ки бо 6-имтиёзӣ пешсафанд, ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 роҳхат гирифтанд.

Сабқати гурӯҳи «А» бошад, бо ширкати се даста – қаҳрамонҳои футболи Муғулистон, Покистон ва Тайван рӯзҳои 8-ум, 10-ум ва 12-уми май баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG