Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 26 меҳмони як арӯсӣ дар Афғонистон


Ҳамлаи сел ба як тӯйхона дар шимоли Афғонистон боиси ҳалокати дастикам 26 нафар ва беномунишон шудани беш аз 100 тани дигар шуд. Селоб ба се русто дар улусволии Деҳмардони вилояти Сарипул асобат кардааст. Мақомот мегӯянд, аксари қурбониҳо занону кӯдакони меҳмони ин тӯйи арӯсӣ будаанд.Дар моҳи март бар асари рехтани тарма дар як русто дар вилояти Бадахшони Афғонистон 145 кас ҳалок шуд.
XS
SM
MD
LG