Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози мухолифон дар пойтахти Озарбойҷон


Аҳзоби мухолифи Озарбойҷон имрӯз дар Боку бо талаби иҷозаи мақомот ба баргузории гирдиҳамоӣ дар маркази пойтахт тазоҳуроти бидуни иҷозат доир карданд. Ҳудуди 100 фаъол аз Палатаи ҷамъиятӣ дар назди дафтари шаҳрдори Боку Ҳоҷибулло Абутолибов пикет ороста, истеъфои ӯро талаб карданд. Бино ба хабарҳо, пулис билофосила ба пароканда кардани талоҳурот ва боздошти фаъолон иқдом кард. Палатаи ҷамъиятӣ эълон кардааст, ки дар рӯзҳои озмуни Eurovision, ки аз 22 то 26 май дар Боку хоҳад гузашт, як силсила эътирозҳо барпо хоҳад кард. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ба райпаймоӣ дар канори Боку иҷозат хоҳад дод, вале мухолифин инро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG