Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи 16 тонна яшм дар шимоли Қирғизистон


Мақомоти амниятии Қирғизистон аз кашфи миқдори бузурги санги қиматбаҳои яшм дар вилояти шимолии Чу хабар доданд. Бино ба хабарҳо, ин 16 тонна яшм аз Русия қочоқ шуда, барои фурӯши ғайриқонунӣ дар Чин омода мешуд. Мақомот арзиши сангҳои қиматбаҳои мусодирашударо 9 миллион доллар мегӯянд. Чанд сокини маҳаллӣ дар иртикоби ин қазия дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG