Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби раҳбари ҷамъияти узбакҳои Хатлон


Салим Шамсиддинов
Салим Шамсиддинов
Раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон дар назди манзилаш дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз сӯи афроди ношинос латукӯб шудааст. Салим Шамсиддинов мегӯяд, ин ҳамлаи рӯзи шанбе шояд ба мусоҳибаҳои ӯ, ки сиёсати давлати Тоҷикистонро дар ташдиди равобит бо Узбакистон айбдор мекард, рабт дошта бошад. Ӯ мақомоти Тошкандро низ дар ин танишҳо муқассир медонист. Ҳамла ба Шамсиддинов дар рӯзе сурат гирифт, ки ӯ аз мақоми муовини раиси ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон канор рафт. Равобити Тоҷикистону Узбакистон чанд сол боз бар сари масоили обу барқ танишолуда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG