Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти духтари Тимошенко бо вазири олмонӣ


Евгения Тимошенко
Евгения Тимошенко
Евгения Тимошенко - духтари сарвазири собиқ ва феълан зиндонии Украина Юлия Тимошенко имрӯз дар як мулоқоти хусусӣ бо вазири адлияи Олмон Сабина Лутҳойзер Шнарренбергер қазияи модарашро баррасӣ кардааст. Ин дидор дар пасманзари афзоиши нигарониҳо дар бораи вазъи сиҳҳати Тимошенкост, ки ду ҳафта боз гуруснанишинӣ мекунад. Ӯ қаблан гуфт, аз сӯи зиндонбонҳо латукӯб шудааст. Олмон табобати Тимошенкоро пешниҳод кардааст. Тимошенко бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, вале тарафдорон ӯро қурбонии ниқори рақибони сиёсиаш медонанд.
XS
SM
MD
LG