Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбатҳои Ангела Меркел дар бораи Юнону Фаронса


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо идомаи мавзеъи шадидаш дар қиболи буҳрони қарзҳои Юнон гуфт, “фавқулодда муҳим аст”, ки Афина ба тааҳҳудоташ ҷиҳати коҳиши масрафот пойбанд бимонад. Ин изҳороти хонум Меркел як рӯз баъд аз интихоботи парлумонии Юнон аст, ки дар он ду ҳизби умдаи тарафдори барномаи зиддибуҳронӣ аксариятро дар маҷлис аз даст доданд. Меркел ҳамчунин гуфт, мехоҳад Франсуа Ҳолланд – барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронсаро низ ба меҳмонӣ даъват кунад. Интизор меравад, Ҳолланд баъди адои савгандаш дар рӯзи 15 май ба Олмон сафар кунад. Аммо Меркел гуфт, бо Ҳолланд паймони зиддибуҳронии ИА, ки моҳи март тасвиб шуд, баҳс нахоҳад шуд. Ҳолланд дар корзораш хостори бозбинии ин паймон шуда буд.
XS
SM
MD
LG