Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Медведевро ба сарвазирӣ пешбарӣ кард


Владимир Путин, ки имрӯз барои бори севум ба курсии раёсатҷумҳурии Русия нишаст, билофосила баъди адои савганд президенти собиқ Дмитрий Медведевро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард. Путин аз қабл ваъда карда буд, ки баъди бозгашт ба Кремл сарвазириро ба Медведев хоҳад супурд. Номзадии Медведев алакай рӯзи 8 май дар маърази раъйгирии Думаи давлатӣ қарор хоҳад гирифт.
Имрӯз тамоми аъзои кобинаи вазирони Русия истеъфо доданд.
Владимир Путин имрӯз дар як маросим дар ҳузури тақрибан 3000 меҳмон дар Кремл барои бори севум савганди раёсатҷумҳурӣ ёд кард. Расми адои савганди Владимир Путин ҳамагӣ як рӯз баъд аз эътирози ҳудуди 20 000 нафар алайҳи бозгашти ӯ ба қудрат буд. Пулис беш аз 400 тазоҳургарро боздошт кард.
XS
SM
MD
LG