Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нидоев озод шуд, то пулҳоро баргардонад"


Фаттоҳ Саидов
Фаттоҳ Саидов
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон раиси пешини Донишгоҳи иқтисодӣ Нозимҷон Нидоевро аз боздошт раҳо кардааст. Фаттоҳ Саидов, раиси ин Ожонс ба Радиои Озодӣ гуфт Нидоев ва муовинаш Эмомалӣ Одинаев бо иттиҳоми сирқати 2 миллион сомонӣ дастгир шуданд, вале ӯро акнун бо шарти ба давлат баргардондани зиёни оварда ва тарк накардани маҳалли зисташ озод кардаанд. Нозимҷон Нидоев моҳи ноябри соли 2011 муовини раиси Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон таъйин шуда буд.
XS
SM
MD
LG