Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории худ бо давлати Тоҷикистонро дар робита ба бозрасии тарҳи неругоҳи Роғун қатъ накардааст.

Хайрулло Сафаров, мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун рӯзи душанбеи 7 май дар як тамоси телефонӣ бо радиои «Озодӣ» ахбори мунташира дар мавриди ба таъвиқ даровардани бозрасии фанниву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи коршиносони Бонки ҷаҳониро бепоя ва асос хонд.

Ҷаноби Сафаров гуфт, ки барои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ тамоми имконият ва шароитро ҷиҳати таҳқиқу бозрасӣ фароҳам кардаанд ва ҳама мадорику асноди зарурӣ низ дар ихтиёри онҳо гузошта шудааст. Ҷаноби Сафаров ҳамчунин хабари коҳиши баландии сарбанди нерӯгоҳро, ки гӯё коршиносони байналмилалӣ тавсия дода бошанд дур аз воқеият ҳисобид.

Мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҳоле қатъи ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар мавриди тарҳи нерӯгоҳи Роғунро такзиб мекунад, ки бархе аз сайтҳои интернетӣ аз қавли масъулони намояндагии ин бонк ишораҳое ба бурузи «ихтилоф» миёни ин муассисаи байналмилалии молиявӣ ва давлати Тоҷикистон кардаанд.

Дар хабар омадааст, ки дар гузашта бозрасони Бонки ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки баландии сарбанди обанбори нерӯгоҳ аз 170 метр бештар нашавад. Дар ҳоле, ки давлати Тоҷикистон баландии ин саддро намехоҳад аз 335 метр камтар бунёд кунад.

Зимнан, ташхиси фанниву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун тавассути коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сурат мегирад. Қарор буд ин кор то моҳи феврали соли ҷорӣ анҷом шавад, аммо коршиносони ин бонк иҷрои онро то поёни соли равон тамдид кардаанд.

Гурӯҳи мутахассисони ширкати "Poyry" аз замони муайяншудаи кор дур монда ва аз Бонки Ҷаҳонӣ талаб карда буданд, ки мӯҳлати кори онҳо, яъне ташхиси фаннӣ ва иқтисодиву зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи Роғун дароз карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG