Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти дубораи Владимир Путин ба Кремл, дар маҳофили коршиносии Тоҷикистон вокунишҳоеро ба дунбол дошт.


Худойбердӣ Холиқназаров, мудири бахши Маркази мутолеоти стратегӣ:

Дар чор соле, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия буданд, муносиботи Тоҷикистон бо Русия дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо дар чаҳорчуби шарики стратегӣ пеш мерафт. Мо Русияро хеле шарики наздик ва старегӣ мешинохтем, мешиносем ва хоҳем шинохт. Барои он, ки робитаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Русия хеле ва хеле наздик ва бо ҳам печида аст. Ва ин нишонгари он аст, ки аз нуқтаи назари стратегӣ, шарики стратегии мо ҳаст ва мо бо ин кишвар ҳамеша муносибатҳои хеле хуб дорем. Албатта баъзе нуқсонҳо ва камбудиҳое, ки дар даври раёсати Дмитрий Медведев буданд, инҳо чизҳои хурд ҳастанд ва наметавонанд ба муносиботи дутарафаи Тоҷикистон ва Русия таъсирҳои амиқи манфӣ дошта бошанд. Ва муносибати моро агар куллан ҷамъбандӣ кунем, хеле хуб буданд. Ва мо ниятҳои хубро идома хоҳем дод.

Худойбердӣ Холиқназаров

Худойбердӣ Холиқназаров

Ҳамакнун, ки Владимир Путин имрӯз савганд ёд карданд ва ба фаъолият шурӯъ карданд, умедворем, ки муносиботи Русия бо Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ боқӣ хоҳад монд ва ду кишвар, ки бо ҳам хеле наздик ҳастанд, ман сад дар сад боварӣ ва итминони комил дорам, ки дар тамоми масоили ҳам мантақаӣ ва ҳам байналмилалӣ бо ҳам хоҳанд буд. Дар масоили минтақавӣ, ба хусус мушкилоти вазъ дар Афғонистон бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар то соли 2014 ва масоили дигари амниятӣ эҳсос мешавад, ки Русия омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳаст.

Дар масъалаи муносиботи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, мавқеи Русия тавассути Сергей Лавров, вазири хориҷии ин кишвар дар ҷараёни сафараш ба Душанбе дар ҳафтаи пеш рӯшан шуд ва Русия ҷонибдори муколамаи сиёсӣ байни ҷонибҳо аст ва метавонад ба унвони миёнҷӣ низ дар ҳалли ин масъала кӯмаку мусоидати худро расонад. Умедвор ҳастем, ки агар ибтикори Русия дар ин самт воқеӣ бошад ва ба манфиати Тоҷикистон бошад, Тоҷикистон низ мехоҳад бо шарики стратегии худ ҳамкорӣ дошта бошад.

Амриддин Шарифов, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии ДМТ:

Аслан мардуми тоҷик аз даврони раёсати Дмитрий Медведев умеду интизориҳои бузурге дошт ва ин интизориҳо то андозае дар ҷараёни сафари аввалини вай ба Тоҷикистон низ таъкид шуда буданд. Аммо тавре раванди воқеаҳо нишон доданд, дар ин давр Тоҷикистон дар муносибат бо Русия то андозае ноком ҳам шуд. Воқеият низ собит кард, ки манфиат дар навбати аввал қарор дорад ва ба ин далел шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ метавонад бо назардошти манфиат моҳияташро гум мекунад.

Ҳамакнун Владимир Путин, яке аз иқдомҳоеро, ки рӯи даст гирифтааст ва қабл аз он ки дубора ба курсии раёсати ҷумҳури Русия бишинад, эълом карда буд, ки дар садади эҳёи созмоне шабеҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва равобит дар чаҳорчӯбаи он аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин изҳороти Владимир Путин, боварӣ ҳаст, ки дурнамои муносиботи Тоҷикистон ва Русия ояндаи нисбатан рӯшан дорад, назар ба даврони Дмитрий Медведев. Хулоса кунем, агар дар замони Дмитрий Медведев забон ёфтан мушкилтар буд, ҳамакнун бо дубора омадани Путин ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия, Душанбе метавонад бо Маскав забон ёбад. Чун Тоҷикистон бо вуҷуди нишебу фарозҳо ва сардиву гармиҳои муносибот, тӯли истиқлолият дар муносибат бо Русия содиқ буд. Зеро ин солҳо нишон доданд, ки бархе кишварҳои минтақа чанд бор мавқеи худро дар сиёсат бо Русия тағйир доданд.

Бозгашти Путин аз зовияи дигар...

Бо ин ҳам бархе аз коршиносону таҳлилгарон барои бори саввум ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия нишастани Владимир Путинро иқдоми хубе намедонанд. Чун ба таъкиди онҳо, ин шева заминаро барои дигар ҳукуматдорони вақт дар минтақа, ба хусус Осиёи Марказӣ ба хотири ҳифзи қудрати онҳо фароҳам мекард. Зеро ба истилоҳ, «шабаҳе, ки дар Русия мегузарад, дар дигар кишварҳо, ба хусус Осиёи Марказӣ метавонад амалӣ шавад».

Савганди президентии Владимир Путин

Владимир Путин имрӯз, душанбеи 7-уми май барои бори севум ҳамчун раисиҷумҳури Русия савганд ёд кард.

Путин аз соли 2000 то 2008 алакай ду давра раиси ин ҷумҳурӣ буд ва сипас барои 4 сол ин курсиро ба ворисаш Дмитрий Медведев супурда, худ ба симати сарвазирӣ нишаст.

Ва инак, баъди 4 соли «танаффус», барои давраи севум ва ин бор шашсолаи раёсат ба Кремл баргашт. Дар расми адои савганди Путин дар Кремл, ҳудуди 3000 меҳмон, аз ҷумла вакилони ҳарду маҷлиси парлумони Русия, қозиёни Додгоҳҳои олӣ ва конститутсионӣ ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар ширкат доштанд.

Владимир Путин дар савгандаш аз ҷумла гуфт: “Қасам мехӯрам, ки зимни иҷрои салоҳиятҳои раисиҷумҳури Русия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром ва ҳимоят кунам, Қонуни асосии Федеросиюни Русияро риоя ва дифоъ кунам, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва амнияту якпорчагии давлатро ҳимоят ва содиқона ба мардум хидмат кунам.”

Қабл аз адои савганди Путин, Дмитрий Медведев, ки аз мақоми раёсат канор рафт, ба мардум барои пуштибонии онҳо дар 4 соли раёсаташ изҳори сипос кард ва Путинро ҳам табрик гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, ҳимояти аксари мардумро ба даст овардааст. Интизор меравад, Путин акнун Медведевро ба сарвазирӣ пешбарӣ кунад.

Владимир Путин дар пайи адои савганд таҳкими демократия дар Русияро низ ваъда супурд: “Тамоми корро хоҳам кард, ки ба боварии миллионҳо нафар шаҳрвандони мо сазовор шавам. Хидмат ба ватанро маънои тамоми зиндагии худ ва қарзи худ меҳисобам.”

Путин гуфт, Русия вориди “марҳалаи нави рушди миллӣ” мешавад ва чанд соли оянда барои ин кишвар солҳои “сарнавиштсоз” хоҳанд шуд.

Аммо дар ҳоле, ки дар Кремл расми адои савганди Путин мегузашт, пулис ҳудуди 80 эътирозгар, бо шумули раҳбари мухолифин Борис Немтсовро, ки талош доштанд дар ду минтақаи Маскав тазоҳурот доир кунанд, боздошт кардааст. Эътирозгарон шиор мезаданд, ки даври севуми Путин зиндон аст, на курсии раёсат дар Кремл.

Як рӯз қабл аз расми савганди Путин ҳудуди 20 000 нафар дар Маскав алайҳи бозгашти ӯ ба қудрат эътироз карданд. Пулис беш аз 400 нафар, бо шумули раҳбарони мухолифин Сергей Удалтсов, Алексей Навалний ва Немтсовро боздошт кард. Онҳоро шаби душанбе бо судури ҷазои маъмурӣ раҳо карданд. Дар даргириҳо бо эътирозгарон, бино ба хабарҳо, чандин маъмури пулис низ ҷароҳат бардошт.

Борис Немтсов субҳи 7 май дар сӯҳбат бо хабарнигорон Путинро бо президенти худкомаи Беларус Александр Лукашенко ташбеҳ дод: “Ӯ дирӯз аз ҳадд гузашт ва Русия акнун босуръат аз роҳи Беларуси даврони Лукашенка пеш хоҳад рафт. Ман ба ин ягон шакку шубҳа надорам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG