Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи парлумонӣ дар Сурия идома дорад


Имрӯз дар Сурия бо вуҷуди низоъи давомдор дар ин кишвари арабӣ, интихоботи парлумонӣ идома дорад. Ин маърака, ки давлати Башор Асад ҳамчун нахустин интихоботи чандҳизбӣ дар беш аз 50 соли охир тавсифаш мекуунад, бахше аз ислоҳотест, ки Димишқ ҳамчун гузашт ба ошӯбгарон роҳандозӣ кардааст. Дар пешорӯи интихобот дар Сурия 9 ҳизби сиёсӣ таъсис ёфт ва 7 ҳизб номзадҳои худро пешбарӣ кард. Барои 250 курсии парлумон 7195 номзад мубориза мебаранд. Аммо мухолифин интихоботро “фиреб” хонда, ба бойкоти он даъват мекунанд. Ба ҳисоби СММ, тайи 14 моҳи ошӯбҳо дар Сурия беш аз 9000 нафар, аксар мардуми мулкӣ, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG