Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин барои бори севум савганд ёд кард


Владимир Путин имрӯз барои бори севум ҳамчун раисиҷумҳури Русия савганд ёд кард. Путин, ки баъди адои ду давраи раёсат 4 сол ҳамчун сарвазири Русия ифои вазифа кард, имрӯз дар як маросим дар ҳузури тақрибан 3000 меҳмон дар Кремл барои 6 соли дигар ба курсии раҳбарии Русия баргашт. Дмитрий Медведев, ки замони раёсаташ имрӯз ба поён расид, дар як суханронӣ қабл аз адои савганди Путин, аз мардуми изҳори сипос кард. Расми адои савганди Владимипр Путин ҳамагӣ як рӯз баъд аз эътирози ҳудуди 20 000 нафар алайҳи бозгашти ӯ ба қудрат буд. Пулис беш аз 400 тан аз тазоҳургарон, бо шумули раҳбарони мухолифин Сергей Удалтсов, Алексей Навалний ва Борис Немтсовро боздошт кард. Бино ба хабарҳо, дар даргириҳо бо эътирозгарон чандин маъмури пулис ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG