Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прокуратура "Рӯзи таваллуд"-и худро меҷӯяд


Додситони кулли Тоҷикистон ба манзури таъйин ва дақиқ кардани Рӯзи прокуратура дар ин кишвар як гурӯҳи корӣ ташкил додааст.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин гурӯҳи корӣ аз шумори кормандони худи додситонӣ ва олимони соҳа ташкил шуда ва пешниҳодоти онҳо барои муайян кардани рӯзи Иди касбии мақомоти додситонӣ баъди муҳокима дар Шӯрои илмӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Ҳамин манбаъ афзуд, ки Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаи ахири ин ниҳод масъалаи таъйин кардани рӯзи Иди касбии додситониро дубора матраҳ ва хостори ҳарчи зудтар дақиқ намудани он шудааст.

Ҳоло барои таъйин кардани ин рӯз се сана:- яке 14 декабри соли 1924, ки барои аввалин маротиба додситонӣ дар Тоҷикистон даврони шӯравӣ ташкил шуда ва ба фаъолият оғоз кард, дуввум, 14 март соли 1992, ки бори аввал ба Қонуни асосии Тоҷикистон иловаҳо дар бораи аз ҷониби Шӯрои Олии Тоҷикистон таъйин гардидани Додситони генералӣ ворид гаридид ва ҳамон рӯз дар асоси Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонун "Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд ва ниҳоят санаи саввум, рӯзи 30 апрели соли 1992, ки қонун "Дар бораи Додситонии Тоҷикистон" қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳар яке аз ин санаҳо метавонанд ба унвони Рӯзи додситонии Тоҷикистон пазируфта ва ҳамчун рӯзи Иди касбӣ таҷлил шаванд. Аммо афзудааст ӯ, бояд мутахассисон ҳама паҳлӯҳои ин масъаларо омӯхта ва сипас ба як хулоса оянд.

Ба ин тартиб 14 декабр, 14 март ва 30 апрел ҳамчун санаҳои таърихӣ барои Додситонӣ ба Гурӯҳи корӣ пешниҳод шудааст. Аммо яке аз ин рӯзҳо танҳо баъди таъйид дар Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Прокуратура дар ин кишвар шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG