Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи нави Тоҷикистон дар мубориза бо нашъамандӣ


Бинои Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари Тоҷикистон

Бинои Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон «Барномаи миллии ҷилавгирӣ аз густариши нашъамандӣ» барои солҳои 2013-2017-ро тасдиқ кардааст.

Ин саввумин барномаи давлати Тоҷикистон ба манзури пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ ва тақвияти мубориза алайҳи ин падидаи зиёновар мебошад, ки барои ҳар панҷ сол қабул мешавад.

Барномаи пешинаи давлати Тоҷикистон то охири соли 2012 идома пайдо хоҳад кард, ки масъули иҷрои он Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳадаф аз рӯи даст гирифтани Барномаи мазкур, таҳкими мубориза ба муқобили густариши бемориҳои вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон аст.

Ба иттиллои ҳамин манбаъ, дар асоси ин барнома, вазъи истеъмоли маводи мухаддир ва шумораи дақиқи нашъамандон дар ҷумҳурӣ муайян шуда ва тадбирҳои мушаххас ҷиҳати боздошти ин раванд амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумлаи ин тадбирҳо бо шароити феълӣ мутобиқ кардани бемористонҳои наркологӣ ва тарбият ва такмили ихтисоси пизишкони соҳа, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани марокизи офиятбахшӣ, ки баъди табобат бояд мӯътодон дар он давраҳои вижаи барқароршавии саломати худро гузаронанд, мебошад.

Ин барнома бо маблағгузорӣ аз будҷаи давлатӣ, кӯмак ва қарзҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту муассисаҳои хайрия ва низ сармоягузорони алоҳида татбиқ карда мешавад ва масъулияти иҷрои он ба дӯши вазорати тандурустии Тоҷикистон вогузор шудааст.

Бар пояи маълумоти Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 7117 нафар шахси мубтало ба нашъамандӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Аммо гуфта мешавад ин шумора дар асл бамаротиб бештар аз арқоми расмист.
XS
SM
MD
LG