Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Маскав бо тазоҳуркунандагон даргир шуд


Саҳнае аз рафтори пулис

Саҳнае аз рафтори пулис

Пулиси Маскав мегӯяд, дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии Маскав 400 нафар тазоҳуркунандагонро боздошт кардааст. Дар миёни онҳо 3 нафар раҳбарони мухолифон низ будаанд. Ин тазоҳурот дар остонаи савганди вафодории бори севвум ба “тахт” нишастани Владимир Путин баргузор шуд.

Пулис бо як гурӯҳи хурд, ки аз тазоҳуроти 20 ҳазор нафарӣ ҷудо шуд ва талош дошт ба сӯи Кохи Кремл роҳ паймояд, вориди даргирӣ шудааст. Дар миёни боздоштшудагон Алексей Навалний, Борис Немтсов ва Сергей Удалтсов низ буданд. Немтсов ва Иля Яшин-яке дигар аз раҳбарони мухолифон гузориш дода буданд, ки пулис бар зидди тазоҳуркунандагон аз гази ашковар ва аз чӯбдастҳо истифода кардааст.
XS
SM
MD
LG