Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон Олландро бо пирӯзиаш табрик мекунанд


Франсуа Олланд

Франсуа Олланд

Раҳбарони ҷаҳон Франсуа Олландро бо пирӯзиаш дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса табрик гуфтанд. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, Олланд 51-52 дарсад ва Никола Саркозӣ 48-49 дарсад рай ба даст овардаанд.

Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон пирӯзии Олландро “пирӯзии таърихӣ” номид ва гуфт, ки ин ду кишвар як ҷо кор хоҳанд кард, то ба Иттиҳодияи Аврупо барои ҳали бӯҳрони қарз посух диҳанд.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон низ Олландро барои музокира ба Берлин даъват кард, бо вуҷуди он ки Никола Саркозӣ-наздиктарин муттаҳиди вай дар Иттиҳодияи Аврупо интихоботро бохт. Девид Камерон-нахуствазири Британия низ Олландро табрик кард ва гуфт, ки бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард ва равобити дуҷонибаро таҳким хоҳанд бахшид.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Олландро ба Кохи Сафед ба мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон ё Ҷӣ-8 ва раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО даъват кард. Қарор аст ин мулоқот дар поёни моҳи ҷорӣ баргузор шавад.
Раҳбарони Испанияву Канада ва Италия низ Франсуа Олландро бо пирӯзиаш табрик гуфтанд.
XS
SM
MD
LG