Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари рӯҳонии Эрон дӯсти Аҳмадинажодро бахшид


Муҳаммадшариф Маликзода
Муҳаммадшариф Маликзода
Оятулло Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон Муҳаммадшариф Маликзода-яке аз ёрони Маҳмуд Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури ин кишварро бахшид. Муҳаммадшариф Маликзода соли 2011 барои ришвахорӣ боздошт шуда буд. Вай он замон дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон кор мекард.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшариф яке аз наздикони Исфандиёр Раҳим Мошоӣ-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон аст. Раҳим Мошоӣ баъд аз ин моҷаро аз мақоми худ истеъфо дод. Вай баъд аз муддате боздошт мушовири раиси ҷумҳур таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG