Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои аслии Юнон тағирот мехоҳанд


Раҳбарони ду ҳизби аслии Юнон, ки мумкин аст дар интихоботи порламонии рӯзи якшанбе бештари курсиҳоро соҳиб шаванд, хостори тағири шарту шароити созишномаи қарзи чандмиллиард евроии Юнон шуданд. Яке аз ин ҳизбҳо мегӯяд, ки бояд роҷеъ ба шарту шароити ин қарзҳо музокироти нав анҷом бигирад. Ҳизби дуввумӣ мегӯяд, ки ин қарзҳоро набояд қабул кард.

Ҳизби Нави Демократӣ дар интихобот ба бохти сангин рӯ ба рӯ шудааст, вале боз ҳам аз 300 курсии порламон 108 курсиро ба даст овардааст, ки 17-20 дарсадро ташкил медиҳад.

Антонис Самарас-раҳбари ин ҳизб даъват кард, ки ҳукумати эътилофӣ ташкил шавад ва Юнон дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо бимонад ва шарту шароити қарзҳоро тағир диҳад. Аммо ҳизби дуввумӣ ба раҳбарии Алексиз Тсирпас хост, ки созишномаи қарзҳоро қабул накунанд.
XS
SM
MD
LG