Пайвандҳои дастрасӣ

Путин бори севвум ба курсии раёсат менишинад


Владимир Путин бори севвум ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия менишинад. Дар натиҷаи интихоботи 4 марти соли ҷорӣ бештар аз 63 дарсади райдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз вай рай доданд. Вай дар курсии раёсати ҷумҳурӣ дар Кохи Кремл Дмитрий Медведеви 46 соларо иваз хоҳад кард. Бино ба тағироте, ки дар соли 2008 Дмитрий Медведев дар Қонуни Асосии Русия ворид кард, акнун давраи раёсати Путин на 4 сол, балки 6 сол хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG