Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи ҳавоӣ раҳбари баландпояи ал Қоида кушта шуд


Мақомоти расмии Яман мегӯянд, ки дар як ҳамлаи ҳавоӣ яке аз раҳбарони баландпояи Ал Қоида бо номи Фаҳд ал Қусо кушта шудааст. Вай аз соли 2000 ба ин сӯ барои бамгузорӣ дар киштии USS Cole дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Ин ҳамлаи ҳавоиро ҳавопаймои бесарнишин муддате пеш анҷом додааст, вале Амрико ин хабарро билофосилда таъйид накард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, Фаҳд ал Қусо рӯзи якшанб бо яке аз ҳамрадифонаш дар аёлати Шабво кушта шудааст. Моҳи октябри соли 2000 ҳангоми ҳамла ба киштии USS Cole дар бандари Адан 17 нафар кушта, 40 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG