Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Франсуа Олланд дар интихобот пирӯз шудааст


Франсуа Олланд
Франсуа Олланд
Натиҷаҳои расмии муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса Франсуа Олланд-раҳбари Ҳизби Сотсиалисти ин кишвар ба пирӯзӣ расидааст ва Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури кунунӣ ба шикаст мувоҷеҳ шудааст. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, Олланд 52 дарсад ва Никола Саркозӣ 48 дарсад рай ба даст овардаанд.

Ин интихобот замоне баргузор шуд, ки дар Фаронса аз набуди ҷойҳои корӣ, сарнавишти ояндаи иқтисоди ин кишвар ва нақши он дар бӯҳрони қаламрави Иттиҳодияи Аврупо бим доранд. Имкон дорад пирӯзии Олланд роҳҳои муборизаи Иттиҳодияи Аврупо бо бӯҳрони қарз дар Аврупоро тағир диҳад.

Хабаргузории Франс Пресс навиштааст, Никола Саркозӣ дар мулоқот бо раҳбарони ҳизби “Иттиҳод барои Ҷунбиши Миллӣ”, ки ҳоло ҳизби ҳоким ба шумор меравад, бохти худро тавзеҳ додааст ва аз ҷонибдорони худ хостааст, ки муттаҳиду воҳид боқӣ бимонанд, то дар интихоботи порламонии моҳи июн натиҷаҳои хуб ба даст оранд. Ҳамзамон Саркозӣ гуфтааст, ки маъракаи интихоботии порламониро раҳбарӣ нахоҳад кард.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои аврупоӣ Франсуа Олландро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик мекунанд.
XS
SM
MD
LG