Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти чандҳазорнафарии Маскав зидди Путин


Дар Маскав чанд ҳазор нафар даст тазоҳурот заданд, то эътирози худро аз маросими савганди Владимир Путин барои давраи савуми президентӣ, баён доранд, ки рӯзи 7-уми май баргузор мешавад. Теъдоди тазоҳуркунандагон дар байни 5 то 20 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Даҳҳо фаъолони тарафдори Кремл дар либосҳои хандаовар тазоҳуркунандагонро масхаар мекунанд. Мухолифон мегуфтанд, ҳадаф доранд, як миллион нафарро ба майдон бароранд. Хабар мерасад, ки чанд нафар аз тазоҳуркунандагон бозошт шудаанд. Дар ҳамин рӯз чанде аз расонаҳоио ахбори ом, ба монанди рӯзномаи “Коммерсант” ва радиои “Эхо Москви” хабар додаанд, ки торнамоҳои онҳо ҳадафи ҳамлаи интернетӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG