Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷӯшу хурӯш дар интихоботи президентии Фаронса


Ширкати раъйдиҳандагон дар даври дуюми интихоботи президентии Фаронса назар ба даври аввал бештар буда, аммо аз дараҷаи рекордии соли 2007 камтар дониста мешавад. Дар чаҳор соати аввал зиёда аз 30 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат карданд. Бино бар натиҷаи назарсанҷиҳо, номзади сотсиалистҳо Франсуа Олланд пешсаф аст шумори раъйҳое, ки ба тарафдори аз ӯ дода шудаанд, аз раисиҷумҳури феълӣ, Николас Саркозӣ 500 ҳазор адад бештаранд. Фарқи байни ду номзад дар интихоботи 22-юми апрел хеле кам буд, вале гуфта мешавад, имкон дорад, Саркозӣ аз ҳисоби ширкати васеътари раъйдиҳандагон пирӯз гардад.
XS
SM
MD
LG