Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии эътилофи ҳоким дар интихоботи Арманистон


Имрӯз дар Арманистон интихоботи порлумонӣ баргузор гашт. Ҳукумат ваъда додааст, ки он озод ва одилона хоҳад буд. То ин вақт хабаре аз тақаллуб ё хилофкориҳои умда нарасидааст. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ва шарики он дар эътилоф, ҳизби “Арманистони Шукуфон” пешсаф буда, зиёда аз 60 дарсади раъйҳоро ба даст овардаанд. Ба ин тартиб интизор намеравад, ки ҳукумат тағйир кунад. Аммо ҳизби мухолифи Конргесси миллии Арманистон таҳти сарварии раисиҷумҳури собиқ Левон Тер-Петросян мумкин аст, ба порлумон роҳ ёбад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, интихоботи порлумонии соли 2007-и Арманистон озод ва шаффоф набуд.
XS
SM
MD
LG