Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Ҳинд коҳиши хариди нафти Эронро хоҳад хост


Як мақоми баландпояи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, вазири умури хориҷӣ Ҳилларӣ Клинтон дар сафари дурӯза ба Ҳинд аз Деҳлии Нав хоҳад хост, то воридоти нафтро аз Эрон коҳиш диҳад. Ин манбаъ, ки ҳамроҳи Клинтон ба Бангладеш сафар кард, гуфтааст, масъалаи нафти Эрон яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот бо сарони Ҳинд хоҳад буд. Ҳиндустони дар ҳоли рушд, ки ба маводи сӯхт эҳтиёҷи азим дорад, аллакай вобастагияшро ба нафти Эрон кам кардааст, вале Амрико мехоҳад, он боз ҳам камтар шавад.
XS
SM
MD
LG