Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 74 тонна маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар 11 соли охир


Тоҷикистон бо истифода аз ёриҳои Иттиҳоди Авруподар 11 соли охир наздик ба 74 тонна маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки 31 тоннаи он ҳероин будааст. Ин нуктаро Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар дидор бо вакилони Порлумони Аврупо дар Душанбе баён доштааст. Вай афзудаст, ки агар ин 31 тонна ҳероин ба кишварҳои истеъмолкунанда, аз ҷумла Аврупо, мерасид, эҳтимолан 40 миллион нафар ба мӯътодӣ гирифтор мешуданд. Тоҷикистон бо Афғонистон наздик ба 1400 километр марзи муштарак дорад, ки ба таври мудаввом бо хатари афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва убури гурӯҳҳои мусаллаҳи тундгаро рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG