Пайвандҳои дастрасӣ

"Масири ҷанг дар Афғонистон ба нафъи ИМА тағйир кардааст"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, масири ҷанг дар Афғонистон ба нафъи Амрико тағйир кардааст.

Барак Обама дар баёнияи ҳафтаинаи худ хитоб ба мардуми Амрико дар мавриди дидори ахираш аз Афғонистон гуфт, дар ин сафар бо нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон мулоқот намуд ва санади таърихиро имзо кард.

Раиси ҷумҳури Амрико дар ин хитоби худ гуфтааст, ки ба далели шуҷоати нерӯҳои кишвараш, масири ҷанг дар Афғонистон тағйир намудааст.

Обама ҳини мулоқот бо сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Багром

Обама ҳини мулоқот бо сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии Багром

“Ба далели шуҷоат ва фидокории онҳо, масири ҷанг дар Афғонистон тағйир кард ва ҳаракати Толибон шикаст хӯрд. Мо нерӯҳои қавӣ эҷод намудаем ва як сол пеш нерӯҳои мо амалиётеро анҷом доданд, ки дар он Усома бин Лодин кушта шуд. Ҳадафе ки таъйин намуда будем, яъне саркӯбии Ал-Қоида ва аз байн бурдани фурсати танзими ин гӯрӯҳ, наздик аст.»

Обама дар мавриди сафари ахираш ба Афғонистон чунин гуфт: «Дар ин ҳафта ба Афғонистон сафаре доштам то аз нерӯҳоямон, ки дур аз кишвар хизмат мекунанд, ибрози сипос намоям ва ҳам тавофуқномаи таърихиро имзо кунам, ки моро дар анҷоми маъмуриятамон кӯмак хоҳад кард.»

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар ситоиш аз нерӯҳои кишвараш гуфт: «Ба ҳайси фармондеҳи олӣ, ҳеҷ чизе Барак Обама ва Ҳомид Карзай

Барак Обама ва Ҳомид Карзай

илҳомбахштар аз гузаронидани вақт ва будан бо сарбозон нест. Дар қароргоҳи ҳавоии Багром бо занону мардони низомипӯш дидан намудам. Аз онҳо ба поси хидматашон ибрози сипос намуда, гуфтам ки Амрико аз қурбоние, ки онҳо додаанд, қадрдонӣ мекунад.»

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, қурбониҳоеро ки сарбозони кишвараш дар Афғонистон додаанд, ҳанӯз тамом нашудааст. Ӯ гуфт, бар асоси тавофуқ бо ҳампаймонҳои ин кишвар, нерӯҳои афғон то охири соли 2014 масъулияти таъмини амнияти кишварашонро худ ба даст хоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG