Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Қоҳира рӯ ба оромӣ овардааст


Вазъ дар Қоҳира баъд аз эълони қуюди шабгардӣ рӯ ба оромӣ овард. Ҳокимони ҳарбии Миср баъд аз даргириҳо миёни полис ва тазоҳуркунандагоне, ки поёни фаврии ҳокимияти ҳарбиро талаб доранд, шабгардӣ дар Қоҳираро манъ карданд. Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо як корманди полис кушта ва баъд аз он ки дар муқобили тазоҳуркунандагон аз мошини обпош, гази ашковар ва тирҳои ҳақиқӣ истифода шуд, садҳо нафар захмӣ гаштаанд. Ҳамчунин 170 нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG